чароғ — [چراغ] 1. асбоби равшанидиҳандаест, ки чароғи равғанӣ, нафтӣ (карасинӣ), газӣ ва барқӣ навъҳои мухталифи он мебошад; чароғи сиёҳ чароғи иборат аз фатила ва равған, ки дар зарфи махсуси сафолӣ ё чӯянӣ месӯхт; чароғи худафрӯз маҷ. чароғи барқӣ;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
чароғон — [چراغان] 1. чароғи бисёр афрӯхтан дар хона ё дар шаҳр ба муносибати ҷашне 2. равшан, пурнур, мунаввар; чароғон кардан а) пурчароғ кардан, бо чароғи бисёр равшан кардан; б) пурнур ва мунаввар кардан; чароғон шудан пурнур гаштан, мунаввар гардидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
афрӯхтан — [افروختن] 1. даргирондан (оташро, чароғро ва ғ.); оташ афрӯхтан оташ задан 2. даргирифтан, сӯхтан 3. равшан шудан, шӯълавар гардидан, тобон гаштан ◊ оташи ғазаб афрӯхтан бисёр ғазабнок шудан; оташи шавқ афрӯхтан хеле шавқманд гардонидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
баркардан — [برکردن] кит 1. бардоштан, боло бардоштан 2. баровардан, берун баровардан, ба боло баровардан 3. аз бар кардан, аз ёд кардан, ҳифз кардан; чароғ баркардан чароғ равшан кардан, чароғ афрӯхтан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
фонус — [فانوس] ю. олате, ки аз филиз, шиша ва ғ. сохта ба дарунаш шамъ ё чароғ афрӯхта дар ҷое меовезанд ё бо худ мебаранд ◊ фонуси хаёл а) фонусе, ки ба даруни он суратҳо мекашанд ва он суратҳо бо таъсири гармӣ ва дуд ба ҳаракат меоянд; б) адш., маҷ.… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
равшан — [روشن] 1. ҷое, ки ба он нур тобидааст, мунаввар, тобон, дурахшон 2. фурӯзон, афрӯхта; чароғи равшан 3. возеҳ, ошкор 4. соф, шаффоф, беғубор; равшан будан а) тобон (мунаввар, фурӯзон) будан; б) возеҳ (ошкору ҳувайдо) будан; равшан кардан а)… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
машъал — [مشعل] а. чӯби дар сараш латтаҳои равғанолуд печондашуда, ки афрӯхта торикиро равшан мекунанд; чароғ: машъали тобон ё фурӯзон, нури машъал, шӯълаи машъал, машъал афрӯхтан ё даргирондан; истиоратан: машъали илму маърифат, машъали озодӣ, машъали… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гирондан — [گراندن] 1. тарзи бавоситаи гирифтан 2. даргирондан, афрӯхтан: оташ гирондан, чароғ гирондан ◊ худашро гирондааст хароб (лоғар) шудааст; хаставу беҳол гаштааст … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
даргирифтан — [درگرفتن] 1. афрӯхтан, шӯълавар шудан, фурӯзон шудан ( и оташ, чароғи барқӣ); сӯхтан, аланга гирифтан; даргирифтани равған аз шиддати оташи зери дег ба сӯхтан сар кардани равған (дар вақти доғ кардан) 2. маҷ. оташин шудан, шӯрида рафтан, якбора… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
даргирондан — [درگراندن] тарзи бавоситаи даргирифтан: гулхан даргирондан, чароғ даргирондан, сигор даргирондан; оташ даргирондан оташ афрӯхтан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ